Якшанбе, 15 ноябр 2026

Дар бораи мо

Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» — шабакаи телевизионии пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

01Мо кистем

Телевизиони пойтахт

Мо хабарҳо, барномаҳои таҳлилӣ ва фарҳангии шаҳрро бо сифати Full HD омода карда, тавассути моҳвора ба тамошобинони дохил ва хориҷи кишвар мерасонем.

Муассиса дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми сентябри соли 2006, №409 таъсис дода шуда дар асоси ҳамин қарор Оинномаи Муассиса низ тасдиқ шудааст.

МуассисМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Асосҳои ҳуқуқӣ

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 28-уми марти соли 2017, №133 «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми сентябри соли 2006, №409» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 8, 26 ва 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» дар ном, матн ва замимаи қарор калимаи «Пойтахт» ба калимаи «Душанбе» иваз карда шуда, ба муҳри мудаввар, сиккаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисии Муассиса тағйироти зарурӣ ворид карда шуд.

02Мақсадҳои мо
01

Фазои комили иттилоотӣ

Таъмини фазои комили иттилоотии пойтахт ҳамчун маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва маъмурии Ҷумҳурии Точикистон

02

Маърифатнокии сокинон

Баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинони пойтахт.

03

Муҳокимаи озоду ошкор

Ташкили муҳокимаи озоду ошкори ҳаводиси ҷамъиятӣ.

04

Инъикоси объективона

Инъикоси объективонаи фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ.

03Роҳи мо Таърихи пурра
  1. 1996 ТВ «Пойтахт»

    Телевизион ҳамчун телевизиони ҷамъиятӣ "Пойтахт" таъсис ёфт.

  2. 2006 Муассисаи давлатӣ

    Қарори Раиси шаҳри Душанбе №409, Оинномаи Муассиса тасдиқ шуд.

  3. 2017 Full HD ва номи нав

    Сифат: Full HD Ном:«Телевизиони Душанбе»

  4. 2019 18 соат дар эфир

    Пахш тавассути моҳвора дар тамоми ҷаҳон.

05Сохтори Муассиса
  • Шуъбаи баҳисобгирии муҳосибавӣ, тиҷорат ва реклама
  • Шуъбаи баҳисобгирии кадрҳо, таъминоти ҳуқуқӣ ва коргузорӣ
  • Идораи барномаҳои иттилоотӣ
  • Идораи барномаҳои сиёсӣ ва таҳлилӣ
  • Идораи фарҳангӣ ва барномаҳои мусиқӣ
  • Шуъбаи наворбардорони синамо ва телевизион
  • Шуъбаи танзими пахши барномаҳо
  • Бахши коргардонҳои овоз
  • Маҷмааи таҷҳизоти студиявӣ
  • Студияи марказӣ
  • Шуъбаи студияи сайёри телевизионӣ
  • Шуъбаи танзимгарӣ ва дизайн
  • Шуъбаи таъмини барқ ва рушноидиҳӣ
  • Шуъбаи нақлиёт ва хоҷагидорӣ