Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди соҳаи журналистика аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадршиносӣ гардиданд.
Ниёзбек Қаландаров бо медали «Хизмати шоиста», Алибекова Нуқра ва Улуғбек Салимзода бо медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз шуданд.
Ҳамкорони азизро ба ин муносибат самимона табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, илҳоми эҷодӣ, неруи тоза ва комёбиҳои нав орзу менамоем!
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!



