ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди соҳаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ба сохтмони бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат санги асос гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат хабар доданд.
Сохтмони бинои нави коллеҷ иқдоми муҳим дар самти таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия ва беҳтар намудани имконияти омодасозии мутахассисони соҳаи омор ба ҳисоб меравад. Амалӣ гардидани чунин лоиҳаҳо дар доираи Барномаи соҳавӣ ба рушди инфрасохтори соҳаи таҳсилоти касбӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва мутобиқ намудани шароити таҳсил ба талаботи замони муосир мусоидат менамояд.
Тибқи лоиҳа бинои нави Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат аз чор ошёна иборат буда, дар он 20 синфхонаи таълимӣ, утоқҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 250 ҷойи нишаст, толори васеи хониш ва толори варзишӣ бунёд карда мешаванд.
Иншоот барои фарогирии 250 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, баъди мавриди истифода қарор гирифтан имконияти таълимии муассисаро ба таври назаррас васеъ хоҳад кард.
Мавҷудияти синфхонаҳои барҳаво ва шароити зарурии таълимӣ барои ташкили самараноки машғулияти назариявию амалӣ, истифодаи усулҳои муосири таълим ва баланд бардоштани сатҳи азхудкунии дониш замина фароҳам меорад. Ҳамчунин толори хониш барои такмили донишҳои мустақилонаи донишҷӯён, кор бо адабиёти соҳавӣ ва истифодаи захираҳои таълимӣ имконият фароҳам сохта, маҷлисгоҳ барои баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, конференсияҳо, семинарҳо ва вохӯриҳои касбӣ пешбинӣ шудааст. Бунёди толори варзишӣ низ ба ташкили тарбияи ҷисмонӣ, таҳкими саломатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҷисмонии донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.
Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар низоми таҳсилоти миёнаи касбӣ ба омодасозии мутахассисон дар самти омор ва соҳаҳои марбут ба он равона гардида, рушди заминаи таълимии он барои беҳтар намудани сифати тайёр намудани кадрҳои дорои донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалӣ аҳаммияти муҳим дорад.
АКС: Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






