Wednesday, 18 November 2026
News

МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд

This page is currently available in Tajik only.

МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд

ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ба муштариёни худ иқдоми «Дучандакунии гигабайтҳо»-ро дар доираи хизматрасонии МегаҚувва пешниҳод намуд. Истифодабарандагони нави тарофаи «Биё! Бисоз 2.0» бо пардохти абонентии 100 сомонӣ ё бештар аз он имкон доранд, ки трафики интернети худро давоми 3 моҳ ройгон ду баробар зиёд кунанд. Иқдом то 31 декабри соли 2026 эътибор дорад.

МегаҚувва – чунин аст номи опсияе, ки имконияти муштариёнро васеъ менамояд. Масалан, «Дучандакунии гигабайтҳо» барои онҳое муфид аст, ки ба трафики зиёди интернет ниёз доранд. Ҳисобу китоб дар доираи он одист. Масалан, агар муштарӣ тарофаи дорои бастаи интернетии иборат аз 60 Гб-ро пайваст намояд, боз 60 Гб-и дигар бо ёрии «Дучандакунии гигабайтҳо» ба муштарӣ пешниҳод карда мешавад. Дар баробари ин, истифодабарандагони нави тарофаи «Биё! Бисоз 2.0» МегаҚувва-ро давоми се моҳ ройгон истифода мебаранд ва ҳангоми зарурат имкон пайдо мекунанд, ки онро хомӯш кунанд. Шуруъ аз моҳи чорум нарх 33 сомонӣ барои 30 рӯзро ташкил хоҳад дод, ки ин нисбат ба тағйирдиҳии тарофа барои дастраскунии трафики бештари интернет муфидтар аст.

МегаҚувва-ро метавон мустақилона тавассути барномаи МегаФон Life ё муроҷиат ба идораҳои хизматрасонии оператор пайваст намуд. Агар муштарӣ қаблан дар иқдоми «+100% трафики интернет ҳамчун туҳфа» иштирок карда бошад, давраи ройгони 3-моҳа барои истифодаи МегаҚувва «Дучандакунии гигабайтҳо» пешниҳод намегардад ва пардохт аз моҳи аввал ситонида мешавад — туҳфаро аз ширкат муштарӣ аллакай гирифта буд.

Шумо тавассути онлайн зиёд видео тамошо мекунед, файлҳои кориро боргирӣ менамоед ё аз шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо фаъолона истифода мебаред? Гигабайтҳои худро бо МегаҚувва бо шартҳои муфид дучанд кунед ва аз бақияи трафики худ нигарон набошед!

АКС: ширкати «Мегафон Тоҷикистон»

 

Source: Khovar News Agency · khovar.tj