ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 ноябр бо иштироки беш аз ҳазор нафар кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, зерсохторҳои он ва дигар меҳмонон дар шаҳраки академӣ роҳпаймоии идона баргузор гардид. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд, роҳпаймоӣ дар фазои тантанавӣ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор шуда, иштирокчиён бо Парчами давлатӣ ва шиору овезаҳои ватандӯстона эҳтиром ва садоқати худро ба муқаддасоти миллӣ, арзишҳои давлатдорӣ ва ормонҳои созандаи миллат ифода карданд.
Ҳамзамон ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ дар назди бинои Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии академия Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Баландии сутунпояи парчам 35 метр буда, дарозии матои парчам 7 метр ва паҳноии он 4,8 метр мебошад. Баландии сутунпоя ва андозаи матои Парчам имконият медиҳанд, ки ин рамзи муқаддаси миллӣ дар фазои шаҳраки академӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса парафшон гардида, таҷассумгари соҳибистиқлолӣ, соҳибдавлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон бошад.
Парафшонии Парчами давлатӣ дар ҳудуди шаҳраки академӣ барои олимону муҳаққиқон, кормандон, донишҷӯён ва меҳмонони академия рамзи ҳамешагии эҳтиром ба арзишҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад. Ҳамзамон он наслҳои ҷавонро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди илму фарҳанг ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳидоят менамояд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj








