ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади гиромидошти яке аз муқаддасоти миллӣ — Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатдории миллӣ 24 ноябр дар ноҳияи Ёвон чорабинии бошукуҳи идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Чорабинии тантанавӣ бо сафороӣ ва гузашти идона аз назди муҷассамаи Модар оғоз гардида, бо иштироки 6000 нафар намояндагони ташкилоту муассисаҳо, кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ, омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷу литсейҳо, ҷавонон, варзишгарон ва дигар қишрҳои ҷомеа то майдони Боғи Парчами давлатӣ идома ёфт.
Иштирокдорони чорабинӣ бо парчамҳои миллӣ, шиору овезаҳои ватандӯстона ва нидоҳои ифодагари садоқат ба Ватан, эҳтиром ба истиқлолу озодӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар фазои тантанавию идона роҳпаймоӣ намуданд.
Дар майдони Боғи Парчами давлатӣ Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти таърихию фарҳангии миллати тоҷик буда, таҷассумгари шарафу номус, худшиносӣ ва ифтихори ҳар шаҳрванди мамлакат мебошад.
Изҳор гардид, ки бо шарофати сиёсати созанда ва талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва муттаҳидии ҷомеа мақоми арзанда касб намудааст.
Парчами давлатии Тоҷикистон, ки идомадиҳандаи суннати қадимаи парчамдории миллати тоҷик ва пайвандгари таърихи пурифтихори он бо даврони соҳибистиқлолӣ мебошад, имрӯз ҳамчун рамзи давлатдории миллӣ дар арсаи байналмилалӣ парафшон аст. Барафрохта шудани Парчами Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бозгӯйи мақоми мустақили давлат ва эътирофи соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






