Monday, 23 November 2026
News

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР САМТИ КИШОВАРЗӢ

This page is currently available in Tajik only.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КОРӢ ДАР САМТИ КИШОВАРЗӢ

16 сентябр дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Муовини Раиси шаҳри Душанбе Фақерзода Рустам ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҷиҳати таъмини иҷрои қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба Барномаҳои давлатии рушди соҳаи кишоварзӣ, самаранок истифода гардидани заминҳои кишоварзӣ, бе талаф ҷамъовари намудани ҳосилизироатҳои кишоварзӣ, омодаги ҳамаҷониба ба кишти тирамоҳӣ, бо нишондодҳои баланд ҷамбаст намудани соҳаи кишоварзӣ дар 9 моҳи соли 2026 ва иҷрои босифати дурнамои кишти зироатҳо барои ҳосили соли 2027, ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуд.