Tuesday, 17 November 2026
Culture

Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад

This page is currently available in Tajik only.

Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 26 то 29 ноябр дар Театри миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» конфронси байналмилалии илмӣ-фарҳангӣ доир мегардад. Конфронс ба таҳқиқ ва муаррифии мероси илмӣ, нақши Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии касбии тоҷик ва тамаддуни мусиқии Шарқ, аҳаммияти мероси Борбад дар рушди фарҳанги мусиқии муосир бахшида шуда, маърузаҳои илмӣ ва барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод мегарданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, иштирокчиёни конфронс масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти Борбади Марвазӣ, мақоми ӯ дар таърихи мусиқии тоҷик ва Шарқ, осори мусиқии давраи Сосониён, созҳои мусиқии он давра, рушди мақом ва таъсири мероси Борбад ба фарҳанги мусиқии минтақаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Баргузории чунин ҳамоиши илмӣ барои таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи фарҳанг ва илм, рушди мусиқишиносӣ, баланд бардоштани сатҳи омӯзиши мероси мусиқии миллӣ ва муаррифии фарҳанги мусиқии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти муҳим дорад.

Ҳамоиши байналмилалӣ ба хотири иҷрои дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ дода буданд, доир мегардад.

Борбад аз ҷумлаи маъруфтарин чеҳраҳои ҳунар буда, хунёгарест, ки назирашро таърихи башар ёд надорад. Борбади Марвазӣ ҳам месуруд, ҳам менавохт, ҳам оҳанг эҷод менамуд ва бузургтарин базмҳои шоҳонаро обод мекард. Ӯро чун сароянда, навозанда, мусиқидон, асосгузори маҷмуи силсилавии мусиқии устодонаи Шарқ мешиносанд ва эътироф мекунанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ изҳор доштанд, ки “мо бояд барои ҳифзи арзишҳои моддиву ғайримоддии миллати худ муаррифии шоистаи онҳоро дар арсаи байналмилалӣ ҳадафмандона идома диҳем”. Ҳамчунин дастур доданд, ки бо назардошти саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанг барои ба Феҳристи шахсиятҳои барҷастаи фарҳангии ЮНЕСКО ворид намудани номи Борбад тадбирҳои зарурӣ андешанд.

«Борбад, ки дар асрҳои шашуму ҳафтуми мелодӣ – дар замони давлатдории Сосониён зиндагӣ ва эҷод кардааст, аз ҷониби олимону коршиносони маъруфи дунё ҳамчун яке аз аввалин донандагони илми мусиқӣ ва оҳангсози касбии қаламрави ориёӣ эътироф гардидааст», — таъкид намуданд Пешвои миллат.

Ёдовар мешавем, ки баробари дар санъати мусиқии устодона (мақомҳо) таъсир доштани осори Борбад инчунин яке аз сабкҳо ва шакли иҷроию эҷодии хеле қадимии мусиқӣ, ки дар анъанаҳои эҷодиёти бадеии тоҷикон нақши муассир дошта, бо номи «марвӣ» (мавригӣ), «Марвича», «Марвихонӣ» маъруф аст, бо шахсияти ин устоди мусиқӣ иртибот дорад. Ин сабки эҷодию иҷроӣ то имрӯз дар анъанаҳои мусиқии тоҷикон мавҷуд аст. Шахсият ва осори Борбад дар ҳар давру замон чун ромишгари бузург мавриди баррасии аҳли таҳқиқ ва ҳунару адаб қарор гирифтааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj