Friday, 13 November 2026
Economy

«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд

This page is currently available in Tajik only.

«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» ифтитоҳ гардид, ки то 14 ноябр идома меёбад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳадафи намоишгоҳ муаррифии доираи васеи молу маҳсулот ва хизматрасониҳои ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ, воридкунандагони маҳсулот, инчунин ба роҳ мондани ҳамкории мутақобили судманд ва бастани шартномаҳои тиҷоратӣ мебошад.

Дар намоишгоҳ ширкатҳо аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбекистон, Эрон, Покистон, Русия, Беларус ва Чин маҳсулот ва хизматрасонии худро ба маърази тамошо гузоштаанд. Инчунин иштирокчиён маҳсулоти соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, саноати сабук, ҳунарҳои мардумӣ ва саноати вазнинро муаррифӣ менамоянд.

Дар намоишгоҳ ширкатҳои истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи таҷҳизот барои хизматрасонии автомобилӣ, ширкатҳои муҳандисӣ, ки ба тарҳрезӣ ва истеҳсоли  таҷҳизот барои соҳаҳои  гуногуни саноат машғуланд, инчунин таъминкунандагони таҷҳизот  ва ширкатҳои бунёдкунандаи  маҷмааҳои гармхонаӣ ҳузур доранд. Ҳамзамон истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷии маводи кимиёвии рӯзгор маҳсулоти худро пешниҳод менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Source: Khovar News Agency · khovar.tj