Friday, 13 November 2026
Economy

Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид

This page is currently available in Tajik only.

Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид

ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Анталия дар доираи баргузории Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) маросими ифтитоҳи Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи ин ҳамоиши байналмилалӣ барои муаррифии сиёсати давлатӣ, иқтидор ва дастовардҳои мамлакат дар самти ҳифзи муҳити зист, муқовимат ба тағйирёбии иқлим ва татбиқи ҳадафҳои рушди устувор муҳим мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти осебпазирии минтақаҳои кӯҳӣ ба тағйирёбии иқлим масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обиро аз самтҳои афзалиятноки сиёсати экологӣ ва байналмилалии худ қарор дода, дар ин замина ташаббусҳои муҳимми ҷаҳониро бо ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ менамояд.

Дар доираи фаъолияти ин гӯша баргузории ҳамоишҳо, нишастҳои соҳавӣ, мулоқотҳои дуҷониба ва муаррифии ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва мубориза бо тағйирёбии иқлим пешбинӣ гардидаанд.

Ифтитоҳи Павилиони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим барои муаррифии мавқеъ ва афзалияти мамлакат дар рӯзномаи ҷаҳонии иқлим, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои мубрами экологӣ имконияти мусоид фароҳам меорад.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj