ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ мемонад. Иқдоми мазкур ба беҳтар гардидани робитаҳои нақлиётии байни минтақаҳо, осон шудани рафтуомади сокинон ва рушди сайёҳии дохилӣ нигаронида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин ширкат хабар доданд.
Иҷрои парвозҳо тавассути ҳавопаймои L410 NG, ки 19 ҷойи мусофирнишин дорад, ба нақша гирифта шудааст. Парвозҳо дар ҳолати мусоид будани вазъи ҳаво амалӣ мегарданд.
Ба роҳ мондани парвозҳо ба дастрасии нақлиётии минтақаҳо, таҳкими равобит байни пойтахту вилоятҳо, ҳамчунин фароҳамоварии имконияти бештар барои рушди сайёҳати дохилӣ мусоидат менамояд. Иқдоми мазкур дар соли таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хосса касб намуда, аз талошҳои минбаъдаи муттасил барои рушди инфрасохтори нақлиётии кишвар ва ҳамбастагии шаҳру навоҳии он шаҳодат медиҳад.
Яке аз марҳилаҳои муҳими рушди Shohin Airlines қабули ҳавопаймои нави L410 NG гардид, ки «Badakhshon» номгузорӣ шуда, 2 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе муаррифӣ шуд. Ҳавопаймо аз ҷониби ширкати чехии LET Aircraft Industries истеҳсол шудааст, ки ба тарҳрезӣ ва истеҳсоли техникаи авиатсионӣ ихтисос ёфтааст. Ҳавопаймои L410 NG барои ҳамлу нақли ҳавоии минтақавӣ пешбинӣ шуда, бо хусусияти техникию истифодаи худ барои иҷрои парвозҳо дар масири кӯтоҳ, ҳамзамон дар шароити релйефи мураккаби маҳал ва иқлими гуногун мувофиқ мебошад.
Тавре директори генералии Shohin Airlines Зафар Аҳмадзода иброз медорад, барои Shohin Airlines рушди интиқолоти ҳавоии дохилӣ танҳо иҷрои парвозҳо нест, балки саҳмгузорӣ дар таҳкими робитаҳо байни минтақаҳо, фароҳам овардани имконияти нав барои аҳолӣ ва пешравии минбаъдаи кишвар аст.
Shohin Airlines фаъолияти худро дар самти рушди интиқолоти ҳавоии дохилӣ идома дода, азм дорад дар таъмини дастрасии нақлиётӣ ва ташаккули низоми муосири ҳамлу нақли ҳавоии минтақавӣ дар Тоҷикистон саҳм гузорад. Маълумот дар бораи санаи шуруи парвозҳо, ҷадвали иҷро, арзиши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ва тартиби хариди онҳо ба таври илова интишор меёбад.
Хоҳишмандон метавонанд барои гирифтани маълумоти бештар бо рақами 44-640-77-77 тамос гиранд.
АКС: Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






