Saturday, 14 November 2026
Economy

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад

This page is currently available in Tajik only.

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад

ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ ва раванди бунёди иқтидори нави саноатӣ мавриди таваҷҷуҳ ва шиносоии роҳбарияти шаҳр қарор гирифт. Ҳадафи асосии ин корхонаҳо ба истифодаи босамари ашёи хоми маҳаллӣ, афзоиши ҳаҷми маҳсулот ва таъсиси ҷойи нави кор нигаронида шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент иттилоъ медиҳад.

Дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Мармари Зарафшон», ки дар заминаи захираҳои ғании мармари ҳудуди шаҳри Панҷакент фаъолият дорад, давоми 10 моҳ бо истифода аз таҷҳизоти ҳозиразамони сангбурӣ ва коркард ба маблағи 67,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд. Ба масъулони корхона барои истифодаи босамари иқтидори истеҳсолӣ, захираи фаровони намудҳои гуногуни санги мармар, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот ва афзун кардани ҷойи кор дастури мушаххас дода шуд.

Иқтидори дигари истеҳсолии ҳудуди деҳот — коргоҳи истеҳсоли хишти ороишии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хишти манор»-и соҳибкор Ҷӯрақул Ғафоров мебошад. Дар ин ҷо то ин муддат беш аз 52 ҳазор дона хишти ороишӣ истеҳсол карда шуда, ин маҳсулот дар бозори дохилӣ серхаридор мебошад.

Ҳамзамон сохтмони коргоҳи истеҳсоли мум, бетон ва коркарди қуму шағали Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон-таъминот» дар ҳудуди коргоҳи асфалтбарорӣ идома дорад. Ҷиҳати тезонидани корҳои бунёдкорӣ дар ин иншооти нави саноатӣ супоришҳои зарурӣ дода шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Source: Khovar News Agency · khovar.tj