ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар мамлакат «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029» қабул гардидааст. Дар доираи татбиқи ин барнома савдои электронӣ дар Тоҷикистон босуръат рушд ёфта, он ба бахши муҳими иқтисодиёти ҷумҳурӣ табдил ёфтааст.
Бояд тазаккур дод, ки «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029» бо иштироки мақомоти дахлдори мамлакат, аз ҷумла Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии иноватсия ва технологияҳои рақамии назли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи августи соли 2024 дар шаҳри Душанбе муаррифӣ гардид.
«Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029» бо мақсади иҷрои супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргирифта аз Паём ба Маҷлиси Олӣ, Шурои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои марбутаи кишвар бо дастгирии Маркази тиҷорати байналмилалӣ (ITC) таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 майи соли 2024 тасдиқ ва мавриди амал қарор дорад.
Барномаи мазкур бо мақсади таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи савдои электронӣ дар кишвар маҷмуи чорабиниҳоро оид ба баланд бардоштани малакаи рақамӣ ва молиявии аҳоливу соҳибкорон, рушди инфрасохтор ва логистикаи савдои электронӣ, такмил додани гардиши ҳуҷҷатҳо ва пардохтҳои электронӣ фарогир мебошад.
Дар ин раванд зарурати ташаккул, таъмин ва гузариш ба иқтисоди рақамӣ, ки яке аз ҷузъҳои таркибии он савдои электронӣ мебошад, муҳим аст. Зимнан, асосҳои сохтории иқтисоди рақамӣ, ташаккул ва рушд додани савдои электронӣ, рушди инфрасохтори дахлдор ва истифодаи пардохти ғайринақдӣ мавқеи меҳварӣ пайдо мекунанд.
Барнома яке аз ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат маҳсуб шуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба ҳадафҳои муайянгардида мусоидат менамояд. Асосҳои «Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029» «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», Консепсияи иқтисоди рақамӣ ва Харитаи роҳи содагардонии расмиёти савдо мебошанд.
Ҳадафи он рушд ва густариши савдои электронӣ дар кишвар, коҳиш додани хароҷоти иштирокчиёни бозори рақамӣ, содагардонии расмиёти савдо ва амалиёт ва афзоиш додани ҳиссаи амалиёт ва пардохтҳои ғайринақдӣ, васеъ кардани амалиёти ғайринақдӣ ва рушди экосистема мебошад. Меъёрҳои арзёбии экосистемавии барнома аз рӯйи 15 меъёри муайяншуда амалӣ мегардад.
Дар Тоҷикистон ҳамзамон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» амал менамояд. Он муносибатҳо дар ин соҳа, аз ҷумла фурӯши мол ва хизматрасониро тавассути интернет ва платформаҳои рақамӣ танзим мекунад.
Дар ҷумҳурӣ платформаҳои машҳури ватанӣ ва бозорҳои онлайн, аз қабили Alif Shop, LakLak Market ва ғайраҳо фаъолият мекунанд. Андозбандии субъектони савдои электронӣ ва ширкатҳои байналмилалии рақамӣ таҳти назорати мақомоти андози ҷумҳурӣ қарор дорад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






