ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар IT Park Dushanbe ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин агентӣ.
Дар ҳамоиш роҳбарияти агентӣ оид ба аҳамияти таърихию сиёсии ин санаи муҳим ва нақши он дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди ҷомеа ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ибрози назар намуданд.
Таъкид гардид, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими тақвими сиёсиву фарҳангии мамлакат ба шумор рафта, рамзи эҳтиром ба ниҳодҳои давлатдорӣ, ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва ҳифзи арзишҳои истиқлолияти давлатӣ мебошад. Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун меъмор ва бунёдгузори сулҳу суботи миллӣ ниҳоят муҳим ва таърихӣ мебошад.
Дар фарҷоми ҳамоиш кормандони фаъол бо Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






