Monday, 16 November 2026
Economy

Тоҷикистон ният дорад то соли 2035 партовҳои газҳои гулхонаиро то 40 фоиз коҳиш диҳад

This page is currently available in Tajik only.

Тоҷикистон ният дорад то соли 2035 партовҳои газҳои гулхонаиро то 40 фоиз коҳиш диҳад

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC 3.0) Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаиро нисбат ба нишондиҳандаи соли 1990  10 фоиз ва то соли 2035    15 фоиз коҳиш диҳад. Дар ҳолати дастрас гардидани дастгирии зарурии молиявӣ ва технологии байналмилалӣ ин нишондиҳандаҳо метавонанд мутаносибан то ба 25 ва 40 фоиз расонида шаванд. Чунин иброз гардид дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози расмии барномаи минтақавии «Манзараҳои устувори иқлимии Осиёи Марказӣ» (CLiCA) дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин чорабинӣ дар доираи  Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки аз 9 то 20 ноябр дар шаҳри Анталияи Ҷумҳурии Туркия мегузарад, доир шуд.

Зимни чорабинӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода аҳамияти тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим, барқарорсозии экосистемаҳо ва ташаккули манзараҳои устувори иқлимӣ дар давлатҳои Осиёи Марказиро таъкид намуд. Ҳамзамон омодагии Тоҷикистон барои дастгирии ташаббусҳои муштарак дар ин самт иброз карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки ташаббуси таҳияи барномаи Манзараҳои устувори иқлимии Осиёи Марказӣ бори аввал соли 2021 зимни музокирот бо Агентии ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ) пешниҳод гардид. Дар доираи барномаҳои омодагии Фонди иқлими сабз (GCF), ки дар Тоҷикистон бо дастгирии GIZ амалӣ мешаванд, барои таҳияи заминаҳои ин ташаббус захираҳои муайян ҷудо гардиданд.

Тоҷикистон дар баробари тағйирёбии иқлим аз ҷумлаи кишварҳои осебпазири минтақа ба ҳисоб меравад. Обшавии босуръати пиряхҳо, тағйирёбии захираҳои об, хушксолӣ, обхезӣ, ярч ва дигар хатарҳои вобаста ба иқлим ба экосистемаҳо, рушди иқтисодӣ, инфрасохтор ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири назаррас мерасонанд.

Ҳаҷми умумии маблағгузории зарурӣ барои татбиқи тадбирҳои пешбинишуда дар доираи NDC 3.0 барои солҳои 2026–2035 вобаста ба сенарияи татбиқ аз 20 то 22,5 миллиард доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амирко арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ ҷалби захираҳои дохилию байналмилалӣ, аз ҷумла маблағгузории имтиёзнок, грантҳо, технологияҳои муосир ва сармоягузорӣ ба ин соҳа муҳим арзёбӣ мешавад.

Гуфта шуд, ки барномаи минтақавии CLiCA барои татбиқи амалии тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ имконияти васеъ фароҳам меорад. Аз ҷумла, барнома барқарорсозии заминҳои таназзулёфта, идоракунии устувори ҷангалу чарогоҳҳо, амалӣ намудани усулҳои кишоварзии мутобиқ ба иқлим ва такмили идоракунии захираҳои обро дар бар мегирад.

Дар ин замина таъкид гардид, ки мушкилоти вобаста ба тағйирёбии иқлим, ба хусус масъалаҳои захираҳои об, ҳифзи экосистемаҳои табиӣ ва хатарҳои иқлимӣ хусусияти фаромарзӣ дошта, ҳалли онҳо ҳамкории зичи кишварҳои минтақаро тақозо менамояд. Устувории экосистемаҳои кӯҳии Тоҷикистон бо таъмини амнияти обӣ, ҳосилнокии кишоварзӣ ва некӯаҳволии аҳолии тамоми минтақа робитаи мустақим дорад.

Бо назардошти ин, дар доираи барномаи CLiCA ду самти афзалиятноки ҳамкории муштарак муайян гардидааст.

Самти аввал муайян намудани манзараҳои афзалиятнок барои ҷалби сармоягузориҳои ҳамоҳангшуда ба барқарорсозии экосистемаҳо, идоракунии устувори захираҳои об ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолии маҳаллӣ мебошад. Дар ин раванд ҷалби фаъоли ҷомеаҳои маҳаллӣ, ба хусус занону ҷавонон муҳим арзёбӣ мегардад.

Самти дуюм таъсиси низомҳои самараноки арзёбӣ ва мубодилаи таҷриба буда, имкон медиҳад, ки на танҳо масоҳати заминҳои барқароршуда, балки вазъи воқеии экосистемаҳо, дастрасӣ ба захираҳои об, устувории муҳити зист ва сифати зиндагии аҳолӣ низ муайян карда шавад.

Дар ин чорабинии сатҳи баланд Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагияшро барои иштироки фаъолона дар татбиқи барномаи минтақавии CLiCA дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон, Узбекистон ва шарикони байналмилалӣ изҳор намуд. Таъкид шуд, ки оғози барномаи CLiCA қадами муҳим дар таҳкими шарикии минтақавӣ, ҳифзи экосистемаҳои табиӣ, таъмини амнияти обӣ ва баланд бардоштани устувории иқлимӣ дар Осиёи Марказӣ арзёбӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 3 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир ба афзалияти Тоҷикистон дар доираи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) ва муаррифии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон 3.0 (NDC 3.0)» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар доираи он аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати NDC 3.0 супорида шуд. Он рамзи ҳамкории шарикӣ ва оғози марҳилаи нави масъулияти муштарак дар татбиқи ҳадафҳои иқлимии мамлакат арзёбӣ гардид.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 октябри соли 2026 тасдиқ гардидани NDC 3.0 қадами муҳим дар таҳкими уҳдадории миллии иқлимии кишвар ба ҳисоб меравад

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj