Tuesday, 17 November 2026
Economy

Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд

This page is currently available in Tajik only.

Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд

ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) доир мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

16 ноябр ҷаласаҳои Гурӯҳи корӣ оид ба баҳодиҳии мутақобил ва масъалаҳои ҳуқуқӣ, Гурӯҳи корӣ оид ба мусоидати техникӣ ва Гурӯҳи корӣ оид ба типологияҳо ва мубориза бо маблағгузории терроризм баргузор гардиданд.

Имрӯз мубоҳисаи панелӣ доир ба масъалаҳои мубрами инъикоси мавзуи амнияти молиявӣ дар минтақаи Авруосиё баргузор шуд. Ин ҷаласаҳо ба таҳкими ҳамкории давлатҳои аъзо ва ҳамоҳангсозии талошҳои муштарак дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм нигаронида шудаанд.

Ҳадафи асосии гурӯҳ мусоидат ба таҳкими низоми миллии муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар давлатҳои аъзо ва минтақа мебошад.

Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм яке аз гурӯҳҳои минтақавии татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ буда, соли 2004 таъсис ёфтааст.

Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) то 20 ноябр идома меёбад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj