ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои омодагӣ ба Форуми навбатии B5+1-ро, ки баргузории он моҳи апрели соли 2027 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ин масъала зимни вохӯрии Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва намояндаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Зулфиқор Хон ва директори минтақавии Маркази байналмилалии соҳибкории хусусӣ (CIPE) барои Аврупо ва Авруосиё Элизабет Лентс Ҷедваб баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо оид ба мавзуъҳои асосии рӯзномаи форум, доираи иштирокчиён, ҷалби намояндагони ширкатҳои амрикоӣ ва соҳибкорони кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин ташкили ҳамоҳангсозии корҳои омодасозӣ табодули назар намуданд.
Форуми B5+1 барои муколамаи намояндагони бахши хусусии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико замина фароҳам меорад. Баргузории он дар шаҳри Душанбе ба муаррифии имконоти сармоягузории Тоҷикистон, пешниҳоди лоиҳаҳои мушаххас ба сармоягузорони хориҷӣ ва густариши робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкорӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ дар доираи омодасозии форум ва дигар ташаббусҳои муштарак дар самти дастгирии соҳибкорию сармоягузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






