ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Кӯлоб таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба пешгирии талафоти неруи барқ, таъмини пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда ва пешгирии қонуншиканиҳо дар соҳаи энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои паст кардани сатҳи талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ дар шабакаҳои тақсимотӣ ва ҷамъоварии пурра ва саривақтии маблағи барқи истифодашуда аз аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои саноатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни ҷаласа оид ба ошкор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ва ба ҷавобгарӣ кашидани қонуншиканониҳо ва пешгирии он мубодилаи афкор доир гардид.
Таъкид шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ барои истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ дар давраи тирамоҳу зимистон бояд сари вақт гузаронида шаванд.
Муовини Сарвазири мамлакат ба масъулини шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, тақвияти назорати доимӣ ва таъмини иҷрои пурраи супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






