ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия дар доираи Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ доктор Абдулҳамид Алхалифа вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Фонди ОПЕК-ро баррасӣ намуданд. Инчунин ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти ҳифзи муҳити зист, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи сайёҳии экологӣ ва такмили низоми идоракунии партовҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ҳамзамон оид ба имконияти ҷалби сармоягузорӣ ва дастгирии ташаббусҳои муштарак, ки ба ҳифзи захираҳои табиӣ, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва таъмини рушди устувор равона гардидаанд, табодули афкор доир шуд.
Намояндагони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи конфронс инчунин бо муовини Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Исломии Эрон, роҳбари Созмони идоракунии ҷангалҳо, чарогоҳҳо ва ҳавзаҳои обӣ ва директори генералии Раёсати муҳити зист, рушди устувор ва технологияҳо вохӯрӣ намуданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба густариши ҳамкории дуҷониба, мубодилаи таҷриба ва татбиқи технологияҳои муосир дар соҳаи обуҳавошиносӣ, ҳифзи муҳити зист ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки истифодаи чунин технологияҳо метавонад ба коҳиш додани талафоти об, баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои обӣ ва ҳифзи сифату ҳосилхезии замин мусоидат намояд.
Ёдовар мешавем, ки аз 9 то 20 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31) баргузор мегардад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






