Saturday, 21 November 2026
Economy

Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст

This page is currently available in Tajik only.

Ҳаҷми маблағгузории Фонди иқлими сабз барои Тоҷикистон ба 235 миллион доллар расидааст

ДУШАНБЕ, 21.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар минтақа яке аз кишварҳои пешсаф дар самти ҷалб ва истифодаи маблағгузории Фонди иқлими сабз ба ҳисоб меравад. Агар соли 2021 сандуқи лоиҳаҳои тасдиқшудаи Тоҷикистон дар доираи ин фонд 5 лоиҳаро бо маблағи умумии 85 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар бар мегирифт, пас имрӯз ин нишондиҳанда ба 13 лоиҳа бо ҳаҷми умумии маблағгузории 235 миллион доллар расидааст. Чунин иттилоъ дода шуд зимни вохӯрии Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо Директори минтақавии Фонди Иқлими Сабз (GCF) Томас Эриксон дар доираи конфронси COP31.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ин вохӯрӣ дар доираи Конфронси 31-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP31), ки аз 9 то 20 ноябр дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои дар Тоҷикистон амалишавандаро, ки аз ҷониби Фонди иқлими сабз дастгирии молиявӣ меёбанд, инчунин ташаббусҳои нави дар марҳилаи таҳия қарордоштаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Баҳодур Шерализода иброз дошт, ки Тоҷикистон барои ҷалби маблағгузории иловагии Фонди иқлими сабз имкониятҳои васеъ дорад. Дар ин замина густариши ҳамкорӣ дар самти таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки миллӣ дар соҳаи энергетика, ҷалби сармоягузорӣ ва дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои минбаъда арзёбӣ гардиданд.

Ҳамзамон дар доираи конфронс Баҳодур Шерализода бо Ёвари Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Ёвари Маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Директори Бюрои минтақавии он оид ба Аврупо ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ивана Живковик вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар самтҳои ҳифзи муҳити зист, муқовимат ба тағйирёбии иқлим, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва татбиқи ташаббусҳои экологӣ баррасӣ шуданд.

Ҳамчунин Баҳодур Шерализода бо Директори минтақавии Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба хизматрасонии лоиҳаҳо дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Тим Ларднер мулоқот намуда, масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби захираҳои техникӣ ва молиявиро барои пешбурди ташаббусҳои экологию иқлимӣ баррасӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба хизматрасонии лоиҳаҳо яке аз сохторҳои низоми Созмони Милали Муттаҳид буда, дар таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун мусоидат менамояд. Дар ин замина истифодаи имкониятҳои сохтори мазкур барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар самтҳои ҳифзи муҳити зист, рушди инфрасохтори экологӣ, идоракунии захираҳои об ва баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим дорои аҳамияти муҳим арзёбӣ гардид.

Дар идомаи вохӯриҳо Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ Батир Мамедов низ вохӯрӣ намуд. Ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи ташаббусҳои муштарак, ҷалби шарикони нав ва таҳияи лоиҳаҳои нави экологиро баррасӣ карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки тақрибан 70 фоизи фаъолияти марказ ба таҳияи ғояҳои нави лоиҳавӣ, дарёфти имкониятҳои маблағгузорӣ ва ҷалби шарикони нав равона гардидааст. Дар ин замина Ҷумҳурии Мардумии Чин ҳамчун яке аз шарикони эҳтимолии муҳим барои густариши ҳамкорӣ, бахусус дар самтҳои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва тақвияти иқтидори касбӣ, муаррифӣ гардид.

Ҳамзамон дар мулоқот таҷрибаи ҳамкории қаблии ҷонибҳо дар доираи Фонди байналмилалии наҷоти Арал мавриди ёдоварӣ қарор гирифта, аҳамияти идомаи ҳамкорӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами экологӣ ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ таъкид гардид.

Дар фарҷоми вохӯриҳо ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд, таҳияи ташаббусҳои муштарак ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати пешбурди рӯзномаи экологии минтақавӣ изҳор намуданд.

АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj