Sunday, 22 November 2026
Economy

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд

This page is currently available in Tajik only.

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои ҳифзи боғҳо корҳои агротехникии тирамоҳӣ аҳамияти муҳим доранд

ДУШАНБЕ, 22.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Боғпарварӣ аз бахшҳои даромадноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, ба таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ равона гардидааст. Корҳои агротехникии тирамоҳӣ ва нигоҳубини дарахтон барои ҳифзи боғҳо аз сармои зимистон, пешгирии касалиҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ аҳамияти муҳим доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» ходими пешбари илмии шуъбаи мевапарварӣ ва буттамевагиҳои Институти боғу токпарварӣ ва сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Нурмаҳмад Камолов иттилоъ дод.

«Дар айни замон боғпарварон дар ниҳолҳои навшинонида корҳои шаклдарорӣ гузаронида, бояд шохаҳои шикаста, хушкшуда, касал ва зиёдатии дарахтони солашон калонро  буранд. Ҷойи буридашудаи шохаҳои ғафсро ҳатман бо малҳами боғӣ ё ранги равғанӣ маҳкам кунед, то об ворид нашавад. Ин тадбир бо мақсади танзими афзоиши навдаҳо, тақвияти ҷараёни фотосинтез ва баланд бардоштани ҳосилнокиву сифати меваҷот амалӣ карда мешавад. Инчунин алафҳои бегонаро ҷамъоварӣ ва нобуд кунед, то ҳашароти зараррасон ва спораҳои касалиҳо дар онҳо зимистонгузаронӣ накунанд»,-гуфт Нурмаҳмад Камолов.

Ба таъкиди мутахассис, замини байни қаторҳо ва бехи дарахтонро бояд нарм ё шудгор кард, то намӣ ва ҳаво ба реша беҳтар расанд. Нуриҳои органикӣ ва минералиро ба замин андохтан зарур аст, то решаҳо дар фасли баҳор ба маводи ғизоӣ дастрасӣ дошта бошанд.

Тавсия дода шуд, ки пеш аз паст гардидани ҳарорати ҳаво заминро сернам бояд кард, зеро хоки нам нисбат ба хоки хушк гармиро беҳтар нигоҳ медорад ва решаҳоро аз хушкшавии зимистона ҳифз мекунад. Инчунин пас аз рехтани баргҳо ба дарахтон маҳлули заҳрхимикат бояд пошид, то тухми ҳашарот ва занбӯруғҳо нобуд шаванд.

Ба тавсияи олимони соҳаи кишоварзии мамлакат, имрӯз қисми зиёди боғҳо дар доманакӯҳҳо ва минтақаҳои лалмӣ (беоб) бунёд шудаанд. Дар ин гуна боғҳо сари вақт гузаронидани корҳои агротехникӣ нисбат ба боғҳои обёришаванда хусусияти хос дорад. Пеш аз ҳама, дар боғҳои лалмӣ шудгори тирамоҳӣ гузаронида мешавад, то бориши зимистона дар зери замин захира гардад. Инчунин дар атрофи дарахтон ҷамъ намудани барф муфид аст, зеро ин амал намиро захира карда, решаҳоро дар ҳолати оромӣ нигоҳ медорад ва аз бедоршавии барвақтӣ пешгирӣ мекунад. Дар ҳолати сари вақт иҷро кардани ин татбирҳо намии ҷамъшуда дар боғҳои лалмӣ то давраи пухтарасии мева кифоят мекунад.

Олимони соҳа тавсия медиҳанд, ки боғҳо дар заминҳои лалмӣ бояд дар минтақаҳое бунёд карда шаванд, ки бориши солонаи табиӣ аз 600–700 миллиметр зиёд бошад (барои токпарварӣ — аз 500 миллиметр баланд). Дар минтақаҳое, ки бориш аз 500–600 миллиметр кам аст, бунёди боғҳои лалмӣ тавсия дода намешавад, зеро намии табиӣ барои нашъунамои дарахтон намерасад. Аз ин рӯ, муҳлати шинонидан, қоидаҳои нигоҳубин ва интихоби навъҳои минтақабобу ба хушкӣ тобовар дар боғдории лалмӣ нақши ҳалкунанда доранд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Source: Khovar News Agency · khovar.tj