ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайати Гурӯҳи машваратии Базел (Basel Consultative Group, BCG) дохил гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, бонки мазкур бо мақсади таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти танзим ва назорати бонкӣ, инчунин истифодаи таҷриба ва стандартҳои пешқадами байналмилалӣ вориди ин гурӯҳ гардид. Дар фаъолияти гурӯҳ намояндагони бонкҳои марказӣ, мақомоти танзим ва назорати бонкӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои минтақавии мақомоти назоратӣ иштирок менамоянд.
Гурӯҳи машваратии Базел майдони ҳамкорӣ байни Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ ва мақоми танзиму назорати бонкии давлатҳои ғайриаъзои кумита буда, ҳадафи он тақвияти муколамаи васеи касбӣ оид ба масъалаҳои муҳими танзим ва назорати бонкӣ мебошад.
Ворид гардидан ба Гурӯҳи машваратии Базел барои густариши ҳамкории байналмилалӣ ва мубодилаи таҷриба имконияти нав фароҳам оварда, ҷиҳати иштирок дар муҳокимаи ташаббусҳои нави Кумитаи Базел ва пешниҳоди мавқеи коршиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таҳияи ташаббусҳо заминаи мусоид мегузорад.
Иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар фаъолияти Гурӯҳи машваратии Базел ба такмили минбаъдаи низоми миллии танзим ва назорати бонкӣ, таҳкими устувории низоми бонкӣ ва татбиқи марҳилавии стандартҳои байналмилалии Базел бо назардошти хусусияти низоми молиявии Тоҷикистон мусоидат мекунад.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






