Tuesday, 24 November 2026
Economy

Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд

This page is currently available in Tajik only.

Дар Агентии авиатсияи гражданӣ Рӯзи Парчами давлатиро таҷлил намуданд

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин Агентӣ хабар доданд.

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ ва ифтихори ҳар шаҳрванди мамлакат ба шумор меравад. Он таҷассумгари таъриху фарҳанг, ҳувияти миллӣ, озодиву истиқлолият ва орзуву ормонҳои мардуми тоҷик буда, ҳамчун рамзи соҳибихтиёрии давлат, ягонагии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мақоми хосса дорад.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ на танҳо арҷгузорӣ ба яке аз рамзҳои муқаддаси миллӣ, балки нишонаи эҳтиром ба таъриху фарҳанг, давлатдорӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат мебошад. Ин рӯз ҳар шаҳрвандро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафту ободии Тоҷикистон ҳидоят менамояд. Эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба Ватан, миллат ва давлатдории миллӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 24 ноябр дар мамлакат ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар фазои идона таҷлил мегардад.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj