ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита.
Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки парчам ҳамеша ҳамчун рамзи нангу номус, истиқлолият, давлатдорӣ ва муттаҳидии халқ мақоми хосса дошт. 24 ноябри соли 1992 дар таърихи навини давлатдории тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст. Зеро маҳз дар ҳамин рӯзи тақдирсоз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид.
Ин рӯйдоди муҳим дар марҳилаи бисёр ҳассоси таърихӣ барои эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими сулҳу субот, баргардонидани ваҳдат ва оғози корҳои бузурги созандагӣ заминаи устувор гузошт.
Таъкид шуд, ки имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандона ва сиёсати ватандӯстонаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии мо дар пешгоҳи бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид парафшонӣ намуда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол, сулҳхоҳ ва дорои ташаббусҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ месозад.
Бунёди Парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе, ки ба китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардидааст, нишони эҳтироми беандозаи миллат ба рамзҳои муқаддас мебошад.
«Мо бояд ба насли ҷавон талқин намоем, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ ва муҳаббат ба Ватан аз садоқат ба касб ва заҳмати софдилона ба нафъи халқу давлат оғоз мегардад. Зери парафшонии ин рамзи муқаддаси давлатӣ бояд дастовардҳои меҳнатӣ боз ҳам беҳтар шаванд»,-иброз гардид дар фарҷоми ҳамоиш.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






