ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 ноябр дар шаҳри Душанбе Форуми III байналмилалии саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлургияи Тоҷикистон баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар робита ба баргузории ин форум имрӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки рӯзноманигорон брифинг доир шуд.
Иброз гардид, ки дар форум ҳайатҳои беш аз 20 ширкати пешбари соҳаи маъдани кӯҳӣ аз Тоҷикистон ва зиёда аз 200 сармоягузори хориҷӣ, истеҳсолкунандагони таҷҳизот, коршиносони байналмилалӣ ва намояндагони муассисаҳои молиявӣ иштирок менамоянд.
Дар назар аст, ки дар форум таваҷҷуҳи асосӣ ба имконоти азхудкунии захираҳои маъдании мамлакат, рушди истеҳсоли металлҳои ранга ва дурнамои ҳамкорӣ дар самти маъданҳои дорои аҳамияти ҳаётан муҳим равона гардад. Яке аз вазифаҳои муҳими форум ба роҳ мондани муколамаи мустақим байни сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва сармоягузорон барои пешбурди лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби сармоя мебошад.
Форум таҳти сарпарастии Ҳукумати мамлакат доир шуда, ташкилкунандаи он Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар доираи форум ҷаласаҳои умумӣ, вохӯриҳои корӣ ва машваратҳо доир карда мешаванд. Иштирокчиён нақшаи шарикӣ, имконияти таъсиси корхонаҳои муштарак ва рушди ҳамкориро дар тамоми давраи ташаккули арзиш дар соҳаҳои истихроҷи маъдан ва металлургия баррасӣ мекунанд.
Ҳамчунин татбиқи технологияҳои муосир ва стандартҳои байналмилалии ҳисоботдиҳии геологӣ, рақамикунонӣ, масъалаҳои иҷозатдиҳӣ, истифодаи мавод ва таҷҳизоти аз ҷиҳати экологӣ бехатар аз мавзуъҳои асосии форум мебошанд. Илова бар ин, ба табодули таҷрибаи касбӣ, баланд бардоштани тахассуси мутахассисони ватанӣ ва амалӣ намудани таҷрибаҳои беҳтарини рушди устувори соҳа таваҷҷуҳи махсус равона мегардад.
Интизор меравад, ки форум ба таҳкими робитаҳои байналмилалии корӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, тавсеаи ҳамкории технологӣ ва тақвияти иқтидори бахши кӯҳию металлургии Тоҷикистон мусоидат намояд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






