Wednesday, 25 November 2026
Economy

Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид

This page is currently available in Tajik only.

Дар Бонки миллии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ оид ба рушди ҳамкории касбӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 ноябр дар шаҳри Душанбе давраи омӯзишии Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳримҳо доир гардид. Баргузории ин омӯзиш ба рушди ҳамкории касбӣ байни мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо, инчунин баланд бардоштани сатҳи дониш ва такмили механизмҳои идоракунии хавфҳои марбут ба таҳримҳо мусоидат менамояд.

Тавре аз Бонки миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳои дипломатӣ бо Иттиҳоди Аврупо, идомаи муколамаи сиёсӣ ва густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ аҳаммияти хос медиҳад.

Иброз шуд, ки равиши созандаи Иттиҳоди Аврупо дар баррасии масъалаи маҳдудияти қаблан ҷойдошта нисбат ба бонкҳои Тоҷикистон ва хориҷ намудани се бонки мамлакат аз рӯйхати таҳримҳо ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими эътимоди мутақобил ва рушди ҳамкории минбаъда дониста мешавад.

Дар идома коршиносони бахши сиёсати таҳримии Комиссияи Аврупо, намояндагони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва мутахассисони бахши хусусӣ таҷрибаи худро дар самти татбиқи чораҳои маҳдудкунанда, арзёбии хавфҳои таҳримӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳо пешниҳод намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии байналмилалӣ ва густариши амалиёти фаромарзии молиявӣ дуруст дарк намудани доираи татбиқи таҳримҳо ва арзёбии хавфҳои эҳтимолӣ барои мақомоти давлатӣ ва иштирокдорони фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аҳаммияти муҳим дорад. Дар ин замина ба зарурати таҳкими ҳамкории байниидоравӣ, табодули саривақтии иттилоот ва ҳамоҳангсозии корҳои мақомоти дахлдор барои арзёбии ҳамаҷонибаи хавфҳо ва қабули қарорҳои асоснок таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj