ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 ноябр ва 1 декабр дар шаҳри Душанбе Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Донишгоҳҳо – марказҳои нави ҷалби илм, соҳибкорӣ ва ҷомеа»–и кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар конфронс масъалаҳои густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаҳои маориф, илм, техника ва инноватсия, ҷалби сармоя ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар бахшҳои воқеии иқтисодиёт баррасӣ карда мешаванд.
Ҳамзамон дар доираи конфронс масъалаҳои рушди сармояи инсонӣ, баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ, таҳкими рақобатпазирии иқтисодиёти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, омода намудани мутахассисон барои соҳаҳои технологӣ, анҷом додани таҳқиқоти муштараки илмӣ ва дастгирии муҳаққиқони ҷавон мавриди муҳокима қарор мегиранд.
Барномаи конфронс баргузории иҷлосияи пленарӣ, муҳокимаҳои панелӣ, вохӯриҳои байналмилалӣ дар қолаби B2B ва бахшҳои мавзуиро дар бар гирифта, ба татбиқи «Барномаи байнидавлатии ҳамкории инноватсионии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2030» ва нақши донишгоҳҳо дар рушди маориф, илм ва инноватсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Тибқи иттилои масъулон, дар ҷамъбасти конфронс маълумотномаи таҳлилӣ таҳия гардида, дар он натиҷаҳои муҳокимаҳо, пешниҳодҳо ва тавсияҳои иштирокчиён ҳайатҳои миллӣ инъикос меёбанд.
Ёдовар мешавем, ки конфронс аз соли 2023 ин ҷониб бо дастгирии «Россотрудничество» баргузор гардида, дар он ҳар сол беш аз 100 намоянда аз кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






