Thursday, 12 November 2026
Events

Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид

This page is currently available in Tajik only.

Дар Фархор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иҷро гардид

ДУШАНБЕ, 01.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор хабар доданд.

Иҷро шудани нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар рӯзи якум аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ҷавонони ноҳия ҳимояи хоки Ватанро болотар аз ҳама арзишҳо гузошта, барои ҳифзи сарзамини аҷдодӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Зимни гусели ҷавонон иброз гардид, ки ҳимояи неъматҳои муқаддас чун озодиву истиқлол ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи ҳар фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳ буда, ҷавонписарон хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакатро нишонаи олии шарафмандӣ, мактаби матонату мардонагӣ ва далерию боҳимматӣ меҳисобанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар мавсими баҳор ва тирамоҳ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

АКС аз бойгонӣ

Source: Khovar News Agency · khovar.tj