Monday, 16 November 2026
Events

Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд

This page is currently available in Tajik only.

Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро шуд

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008–и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат пурра иҷро гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ташкилу баргузории чорабиниҳои рӯзи аввали даъват ва натиҷаҳои назарраси он маълум аст, ки бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ нахустин шуда, дар ҷумҳурӣ шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нақшаи даъватро дар рӯзи якум пурра иҷро намуданд.

Ҳамчунин шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ аз аввалинҳо шуда, нақшаи муқарраргардидаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро иҷро карданд.

Ҳамзамон масъулини вобаста ба маъракаи даъват дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сари вақт ин маъракаи муҳими сиёсиро ба анҷом расониданд.

Бояд гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ давлату Ҳукумати мамлакат ба рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва беҳтар намудани шароити хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Иҷрои саривақтии даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, иродаи қавӣ ва садоқати онҳоро ба Ватан нишон медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» 1 октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардида, 15 ноябр пурра иҷро гардид.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj