Monday, 16 November 2026
Events

Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд

This page is currently available in Tajik only.

Дар Прокуратураи генералӣ Рӯзи Президентро таҷлил намуданд

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин ниҳод.

Прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода оид ба эҳёи давлатдории миллӣ, ташаккули институти президентӣ дар мамлакат, хизматҳои фидокоронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози андеша намуд.

Баён гардид, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ вакилони мардумӣ якдилона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ интихоб намуданд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо далериву ҷонфидоиҳо ва истеъдоди фавқулода дар таърихи муосири давлатдорӣ таҳаввулоти азиму сарнавиштсозро амалӣ намуданд. Сарвари давлат ба савганди худ содиқ монда, оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намуда, дар мамлакат фазои сулҳу суботро таъмин сохтанд.

Таъкид шуд, ки дар муддати кӯтоҳи таърихӣ  дар мамлакат заминаҳои дахлдор барои ташаккули институти президентӣ ба миён омаданд. Ҳамзамон бо мақсади муайянсозии шакли идоракунӣ, таъмини соҳибихтиёрӣ, бунёди ҷомеаи адолатпарвар, татбиқи ҳадафу ормонҳои миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мардуми мамлакат 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намуда, дар як вақт ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуданд.

Бо назардошти ин рӯйдодҳои таърихӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 14 майи соли 2016 ин ҷониб дар мамлакат 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда, мардуми тоҷик онро бо сарбаландӣ ва ифтихор аз Ватани азиз таҷлил менамоянд.

Аз рӯзи оғози ин марҳилаи таърихӣ Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаёташонро ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва татбиқи ормону ҳадафҳои умумимиллӣ бахшида, роҳи инкишофи давлати Тоҷикистонро муайян ва дар мамлакат сохти конститутсионӣ, сулҳу субот, ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро барқарор намуданд.

«Раванду рӯйдодҳои ҷаҳони имрӯза  моро водор менамоянд, ки барои ҳифзи истиқлолияту озодӣ ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳамеша омода бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Мо бояд ба тарғибу ташвиқи моҳияти давлату давлатдории муосири миллӣ, қадру қимати сулҳу оромӣ ва ҳифзи дастовардҳои давлатдорӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.

Сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, барои таъмини волоияти қонун, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушду инкишофи давлатамон аз ин ҳам бештар саъю талош намоем»,-таъкид намуд Прокурори генералӣ.

Дар фарҷоми ҳамоиш бо мақсади тақвияти ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, боло бурдани маърифати сиёсӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ ба як зумра мутахассисони ҷавони мақомоти прокуратура асарҳои Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуданд. Ҳамчунин филми мустанад, ки бозгӯкунандаи марҳилаҳои муҳими ҳаёту фаъолияти Пешвои миллат ва нақши онҳо дар таҳкими давлатдории миллӣ мебошад, манзури ҳозирин гардонида шуд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj