Friday, 13 November 2026
Politics

Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид

This page is currently available in Tajik only.

Дар Душанбе дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Италия баррасӣ гардид

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Италия Эдмондо Чириелли мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Италия, инчунин масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи тарафайн қарор гирифтанд.

Таваҷҷуҳи хосса ба густариши ҳамкории мутақобили судманди ҳар ду мамлакат дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ ва рушди сайёҳӣ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо барои идомаи ҳамкории созанда ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва мутақобили судманди Тоҷикистону Италия изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj