ДУШАНБЕ, 13.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Абу-Забӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Ашрафҷон Гулов дар брифинги Вазорати умури Девони вазирон ва Вазорати корҳои хориҷии АМА иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар доданд, брифинг ба раванди омодагӣ ба даври навбатии «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо», ки баргузории он 1-3 феврали 2027 дар шаҳри Дубай дар назар аст, бахшида шуд.
Дар ҳамоиш роҳбарони намояндагиҳои дипломатии муқими Аморот иштирок карда, ташкилотчиён рӯнамои фарогири маълумоти зарурӣ доир ба барнома, ҷанбаҳои муҳтавоӣ, ташрифотӣ ва тартиботи моддию техникии иштирок дар «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо»-ро пешкаши ҳозирин намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






