Monday, 16 November 2026
Politics

Барқарор намудани ҳамкорӣ байни вилоятҳои Тоҷикистону Кувайт баррасӣ гардид

This page is currently available in Tajik only.

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо устондори Ал-Фарвония Шайх Азбӣ Носир Ас-Сабоҳ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо оид ба роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ва барқарории робитаҳо байни вилоятҳои ду мамлакат табодули назар карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

Source: Khovar News Agency · khovar.tj