ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, инчунин ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва ҳувияти миллӣ таъкид намуд.
Гуфта шуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик ҷашни дорои аҳаммияти хос буда, ифодагари эҳтирому садоқат ба Пешвои миллат ва арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандаашон дар роҳи рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Таҷлили ин санаи муҳим ба таҳкими худшиносии миллӣ, болоравии ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ, инчунин тарбияи насли наврас дар руҳияи садоқат ба Ватан мусоидат менамояд.
Дар бахши дуюми чорабинӣ кормандони дипломатии Сафорат маърузаҳои мавзуӣ намуда, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмилалии кишвар мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






