Tuesday, 17 November 2026
Politics

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд

This page is currently available in Tajik only.

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд

ДУШАНБЕ, 17.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар 30-юмин ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар нишаст байни вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ табодули афкор доир шуда, ҷонибҳо масоили мубрами рӯзномаи ҷории созмонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мавқеи мамлакатро доир ба масъалаҳои рӯзмарраи байналмилалӣ ва минтақавӣ баён намуда, таҳкими минбаъдаи ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва нақлиёту транзит, инчунин энергетика амри зарурӣ донист.

Ҳамзамон масоили марбут ба муҳити зист ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои об, ба хусус ташаббусҳои Тоҷикистон дар суханронии Вазири корҳои хориҷӣ мавриди таъкиди алоҳида қарор гирифтанд.

Дар интиҳои ҷаласа Баёнияи Исломобод ва дигар санадҳои мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ қабул гардиданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj