Wednesday, 18 November 2026
Politics

Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд

This page is currently available in Tajik only.

Донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи Кувайт тавассути бурсия таҳсил менамоянд

ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/.  17 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо иҷрокунандаи вазифаи мудири Маркази забонҳои Донишгоҳи Кувайт Нуҳо Ал-Атиқӣ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, сафир ба Маркази забонҳои Донишгоҳи Кувайт бобати ҳар сол ҷудо намудани шаш бурсияи таҳсилӣ барои донишҷӯёни Тоҷикистон изҳори сипос кард.

Дар идома мусоҳибон оид ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни ду мамлакат дар соҳаи омӯзиш ва парвариш мубодилаи афкор карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт

 

 

 

Source: Khovar News Agency · khovar.tj