ДУШАНБЕ, 19.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо устондори Ал-Осимаи Кувайт Шайх Абдуллоҳ Солим Ас-Сабоҳ мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо ба робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Кувайт ишора намуда, зарурати густариши минбаъдаи ҳамкории ду кишварро дар соҳаҳои гуногун таъкид карданд.
Ҳамчунин масъалаи ба роҳ мондани робитаҳои шарикӣ байни пойтахтҳои ду мамлакат мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






