Friday, 20 November 2026
Politics

Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд

This page is currently available in Tajik only.

Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург  бо муовини губернатори вилояти Курган  мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург (Русия) Холназар Ғоиб   бо муовини Губернатори вилояти Курган  оид ба сиёсати иқтисодӣ Сергей Александрович Гаврин мулоқот кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории вилояти Курган бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуданд.

Ба масъалаҳои тавсеаи таъминоти маҳсулоти минтақавӣ ба бозори Тоҷикистон, воридоти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба вилояти Курган, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт диққати махсус дода шуд. Зимни мулоқот қадамҳои мушаххас оид ба таҳкими робитаҳои дуҷониба ва фаъолгардонии робитаҳо байни сохторҳои тиҷоративу маъмурии минтақа ва Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шуданд.

АКС: Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Екатеринбург

Source: Khovar News Agency · khovar.tj