Friday, 20 November 2026
Politics

Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд

This page is currently available in Tajik only.

Сафири Тоҷикистон бо  муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо муовини Президент, раиси Созмони барнома ва буҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Саидҳамид Пурмуҳаммадӣ мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷорӣ ва фарҳангӣ байни Тоҷикистону Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо зарурати ҳамоҳангии бештар ва таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои амалӣ сохтани тавофуқоту пешниҳодҳои матраҳшударо таъкид карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj