ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон муаррифии тарҷумаи китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба забони олмонӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, тарҷума ва нашри асарҳои мондагори халқи тоҷик ба забонҳои илмии ҷаҳон рукни муҳимми дипломатияи фарҳангӣ ба шумор меравад. Ин иқдом ба шинохти бештари таъриху тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ва тақвияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти таҳкими сулҳ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва ҳамкории минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар бахши рӯнамоии асар зери унвони «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров — сабақҳои таърихӣ» таъкид шуд, ки масъалаҳои тақвияти масирҳои тиҷоратӣ, идоракунии устувори захираҳои об, ҳифзи муҳити зист, маърифати занон ва ҳамкории минтақавӣ дар таърихи чандҳазорсолаи минтақа аҳаммияти калидӣ дошта, имрӯз низ мубрам боқӣ мемонанд.
Асари мазкур аз ҷониби дипломати тоҷик Соҳибназар Ғайратшо ба забони олмонӣ тарҷума ва таҳия гардида, ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон ба табъ расидааст.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj








