Friday, 20 November 2026
Politics

Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид

This page is currently available in Tajik only.

Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид

ДУШАНБЕ, 20.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар Беларус дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи ноҳияи Фрунзеи шаҳри Минск оид ба тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ҳамоиш баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, доираҳои соҳибкорию сармоягузории Беларус иштирок намуданд.

Зимни ҳамоиш имконоти иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон, фазои мусоиди соҳибкорӣ, самтҳои афзалиятноки ҷалби сармояи хориҷӣ, инчунин имконияти рушди ҳамкории мутақобили судманд дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, савдо, нақлиёт ва логистика муаррифӣ гардиданд.

Ҳамзамон масъалаи ба роҳ мондани лоиҳаи Хонаи савдои Тоҷикистон дар шаҳри Минск ҳамчун яке аз механизмҳои муҳимми густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, пешбурди содироти Тоҷикистон ва фароҳам овардани заминаи мусоид барои ба бозори Беларус ворид гардидани маҳсулоти истеҳсолкунандагони тоҷик муаррифӣ гардид.

Зимнан зарурати таҳкими робитаҳои мустақими соҳибкорони ду мамлакат, дарёфти шарикони нави тиҷоратӣ, густариши ҳамкории истеҳсолӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ таъкид гардид.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҷонибҳо барои идомаи муколамаи созанда, таҳкими робитаҳо байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Беларус ва андешидани тадбирҳои амалӣ барои истифодаи имконияти мавҷудаи ҳамкории иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Source: Khovar News Agency · khovar.tj