ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар шаҳри Париж мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Мудири кулли ЮНЕСКО оид ба илм Денис Пирес де Карвалиё баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО-ро дар соҳаҳои илм, ҳифзи пиряхҳо, идоракунии захираҳои об, омӯзиши тағйирёбии иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон масъалаҳои татбиқи Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера барои солҳои 2025–2034, таъсиси Ҷоизаи байналмилалии оби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2028 дар шаҳри Душанбе ва рушди Мамнуъгоҳи биосферии «Ромит» баррасӣ гардиданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки то 27 ноябр дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар шаҳри Париж бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бузургдошти ду чеҳраи барҷастаи илму тамаддуни тоҷику форс-Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём силсилачорабиниҳои байналмилалии илмию фарҳангӣ баргузор мегарданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






