ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар расми ифтитоҳи намоишгоҳ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва муовини якуми Мудири кулли ЮНЕСКО Регнер Аса иштирок намуданд.
Намоишгоҳ то 27 ноябри соли 2026 идома ёфта, ба муаррифии мероси гаронбаҳои илмӣ, адабӣ ва фалсафии ин ду мутафаккири бузург, инъикоси саҳми онҳо дар рушди илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ, инчунин таҳкими ҳамкории фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО ва муаррифии мероси таърихию маънавии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бахшида шудааст.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj









