Tuesday, 24 November 2026
Politics

Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд

This page is currently available in Tajik only.

Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд

ДУШАНБЕ, 24.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр дар шаҳри Аммон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Зубайдулло Зубайдзода бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирони Урдун Айман ас-Сафадӣ мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдунро мавриди баррасӣ қарор дода, ба таҳкими минбаъдаи муколамаи сиёсӣ ва густариши робитаҳои мутақобили судманд таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ва Урдун дорои имконияти назаррас барои ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳои дуҷониба буда, истифодаи самараноки ин зарфият метавонад ба рушди ҳамкории амалӣ дар самтҳои афзалиятнок мусоидат намояд.

Дар ин замина масъалаҳои тақвияти ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, рушди робитаҳо дар соҳаҳои саноат, энергетика, сайёҳӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон ба зарурати фаъолсозии робитаҳо байни ниҳодҳои давлатӣ ва доираҳои соҳибкории ду кишвар аҳамияти махсус дода шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, таҳкими ҳамоҳангсозии мавқеъҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак ва идомаи машваратҳои сиёсиро баррасӣ намуданд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идома додани муколамаи созанда, таҳкими робитаҳои дӯстона ва пешбурди ташаббусҳои муштарак, ки ба рушди устувори муносибатҳои Тоҷикистон ва Урдун нигаронида шудаанд, изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj