Wednesday, 25 November 2026
Politics

Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон мулоқот намуд

This page is currently available in Tajik only.

Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 ноябр мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба сохтмон, саноат ва электроэнергетика Баймират Аннамаммедов баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Туркманистонро баррасӣ намуда, оид ба имконоти густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар карданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Source: Khovar News Agency · khovar.tj