ДУШАНБЕ, 25.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 ноябр дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Мудири кулли ЮНЕСКО Холид Ал-Анонӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО-ро дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, ҳифзи пиряхҳо ва масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи об мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера (2025–2034), омодагӣ ба Конфронси оби СММ дар соли 2028 дар шаҳри Душанбе, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда (2027–2036), Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, инчунин масъалаи таъсиси намояндагии доимии ЮНЕСКО дар Душанбе зоҳир гардид.
Ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобили судманд изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






