Saturday, 14 November 2026
President

Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд

This page is currently available in Tajik only.

Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ»  конференсияи ҷумҳуриявӣ   доир шуд

ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат хабар доданд.

Ректори донишкада Маҳмуд  Назарзода иброз намуд, ки Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ва барои рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд.

Изҳор гардид, ки корномаҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти сиёсиву роҳбарии Сарвари давлат робитаи мустақим дошта, муносиботи ҳасана ва ҳамкории фарогири Тоҷикистон бо кишварҳои сершумори оламро дар доираи манофеи миллӣ таҳким бахшид.

Таъкид карда шуд, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму ойинҳои мардумӣ, инчунин баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо ва ҳифзи мероси адабию фарҳангӣ ва таърихиву илмӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат, бешубҳа, аз сиёсати фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Source: Khovar News Agency · khovar.tj