ДУШАНБЕ, 14.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби дарсии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва Кароматуллоҳ Қаландарзода таҳти унвони «Сарваршиносӣ» дар асоси мактаби давлатдории Пешвои миллат рӯнамоӣ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз академия.
Китоби «Сарваршиносӣ» ҳамчун маводи таълимӣ ва илмӣ барои истифода дар раванди таълим, корҳои таҳқиқотӣ ва омӯзиши масъалаҳои марбут ба сарварии сиёсӣ пешниҳод мегардад. Ин асар ба хонанда имкон медиҳад, ки масъалаи сарвариро на танҳо аз нигоҳи назариявӣ, балки дар заминаи таҷрибаи таърихӣ ва воқеияти давлатдории муосири Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор диҳад.
Таваҷҷуҳи асосӣ дар китоб ба фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси сарвари сиёсӣ ва роҳбари давлатӣ равона гардида, кӯшишҳои ҳамешагӣ ва талошҳои пайвастаи ин шахсияти барҷастаи миллат дар мадди назар қарор гирифтаанд. Барои Тоҷикистони соҳибистиқлол масъалаи сарварии сиёсӣ, ки ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд аст, дар шароити имрӯза муҳим арзёбӣ мегардад.
Маводи дар китоб гирдоваришуда метавонад ҳамчун сарчашмаи муҳими омӯзишӣ ва таҳқиқотӣ дар самти дарки моҳият ва хусусияти сарварии сиёсӣ, шинохти мактаби давлатдорӣ, таҳлили таҷрибаи роҳбарӣ ва нақши шахсият дар ташаккули давлату ҷомеа мавриди истифода қарор гирад.
Зимни рӯнамоии китоб таъкид гардид, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи мактаби давлатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, тақвияти худшиносии миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.
Китоби дарсии «Сарваршиносӣ» барои доираи васеи хонандагон, аз ҷумла сиёсатмадорон, сиёсатшиносон, файласуфон, ҷомеашиносон, муҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён ва кулли алоқамандони масъалаҳои давлатдорӣ, сиёсат ва таърихи давлатдории миллӣ пешбинӣ гардидааст.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






