ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми хосса дошта, ҳамчун санаи муҳими сиёсиву таърихӣ таҷассумгари эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, истиқлолияти миллӣ, ваҳдати ҷомеа ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
— Таърихи соҳибистиқлолии Тоҷикистон собит менамояд, ки ташаккул ва таҳкими давлатдории миллӣ дар шароити ниҳоят мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ амалӣ гардидааст. Дар марҳилаи ҳассоси сарнавиштсози кишвар, ки хатари аз байн рафтани пояҳои давлатдорӣ ва халалдор гардидани ягонагии миллӣ ба миён омада буд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки масъулияти бузурги таърихӣ роҳбарии давлатро ба зимма гирифта, барои барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими сохти конститутсионӣ ва ба ҳам овардани мардуми Тоҷикистон иқдомҳои сарнавиштсозро амалӣ намуданд.
Маҳз дар натиҷаи талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбарияти олии давлат заминаҳои зарурии барқарорсозии ҳаёти осоишта, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва таъмини рушди минбаъдаи мамлакат фароҳам оварда шуданд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар ин раванд марҳилаи тақдирсоз гардид ва барои таҳкими сулҳу ваҳдат, бозгашти суботи сиёсӣ ва оғози марҳилаи нави рушди кишвар замина гузошт.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Пешвои миллат дар самтҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дигаргуниҳои назаррас ба амал омада, пояҳои давлатдории миллӣ тақвият ёфтанд, низоми идоракунии давлатӣ такмил гардид, инфрасохтори мамлакат рушд кард ва барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ заминаҳои устувор фароҳам омаданд.
Татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, рушди соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт ва кишоварзӣ, бунёди роҳу пулҳо, муассисаҳои таълимию тандурустӣ, иншооти иҷтимоиву истеҳсолӣ ва густариши имконияти соҳибкорӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб мераванд. Ин ҳама бозгӯйи иродаи қавии сиёсӣ, дурнамои созанда ва талошҳои пайваста барои таҳкими иқтидори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат мебошанд.
Дар арсаи байналмилалӣ низ Тоҷикистон бо сиёсати хориҷии мутавозин, созанда ва сулҳҷӯёна мавқеи худро таҳким бахшида, бо ташаббусҳои сатҳи ҷаҳонӣ дар ҳалли масъалаҳои мубрами рӯз, аз ҷумла ҳифзи захираҳои об, мубориза бо тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо саҳми назаррас мегузорад. Эътирофи ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон далели болоравии нуфузу эътибори кишвар ва тақвияти мавқеи он дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ мебошад.
Дар низоми афзалияти сиёсати давлатӣ масъалаи рушди мутавозини минтақаҳо, ободонии шаҳру ноҳияҳо ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ ҷойгоҳи муҳим дорад. Тавре таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, пешрафти устувори мамлакат аз рушди маҳал, истифодаи самараноки имконияти мавҷуда, ташаббускории мақомоти маҳаллӣ ва иштироки фаъоли шаҳрвандон дар равандҳои созандагӣ вобастагии мустақим дорад.
Аз ин лиҳоз, татбиқи босамари сиёсати давлатӣ дар самти рушди маҳал, таҳкими иқтидори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти роҳбарон дар назди ҷомеа, беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи аҳолӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми мақомоти давлатӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин раванд саҳми ҳар сохтори давлатӣ, ҳар роҳбару хизматчии давлатӣ ва ҳар шаҳрванди ватандӯст дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти махсус дорад. Зеро самаранокии сиёсати давлатӣ на танҳо бо қабули санадҳо ва барномаҳо, балки бо натиҷаҳои мушаххас, беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба фаъолияти мақомоти давлатӣ арзёбӣ мегардад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон моро ба дарки амиқи масъулияти хизматӣ ва шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд. Хизмат ба давлату миллат бояд бо садоқат, поквиҷдонӣ, интизоми баланди меҳнатӣ, риояи қонунгузорӣ, эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ амалӣ гардад. Ватандӯстӣ дар шароити муосир дар муносибати масъулона ба тақдири давлат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ифода меёбад. Ҳар иншооти бунёдгардида, ҳар иқдоми созанда, ҳар ташаббуси судманд ва ҳар қадами устувор дар роҳи пешрафти ҷомеа саҳми воқеӣ дар ободии Ватани маҳбуб мебошад.
Мо бояд ба хубӣ дарк намоем, ки истиқлолияти давлатӣ арзиши муқаддасу тақдирсоз, сулҳу субот неъмати бебаҳо ва ваҳдати миллӣ муҳимтарин омили пойдории давлатдории тоҷикон мебошад. Ҳифзи ин арзишҳо, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва идомаи корҳои созандагиву бунёдкорӣ вазифаи муқаддаси ҳар фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар чунин марҳилаи муҳими рушди давлатдорӣ зарур аст, ки тамоми неру ва имконияти ҷомеа ба ҳадафҳои олии миллӣ — ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва ободии сарзамини аҷдодӣ равона карда шавад. Зеро қудрату иқтидори давлат дар ваҳдати миллат, устувории он дар садоқати шаҳрвандон, нуфузи он дар арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва ояндаи дурахшони он дар меҳнати содиқонаву созандаи мардум таҷассум меёбад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар шаҳрванди кишвар бояд на танҳо рӯзи ифтихор аз таърихи давлатдорӣ, балки рӯзи андеша, масъулият, қадршиносии дастовардҳо ва азми устувор барои хизмат ба манфиатҳои давлату миллат бошад. Бо чунин эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватани маҳбуб мо вазифадорем, ки дар атрофи арзишҳои муқаддаси миллӣ муттаҳид гардида, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи сулҳу субот, рушди устувори мамлакат ва ободии ҳар гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузорем.
Аминҷон САЙДАҲМАДЗОДА,
сармутахассиси Раёсати ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти идоракунии маҳалии
Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






