ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 34-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар масири обу иқлим ва истифодаи захираҳои табиӣ, экологӣ ва рушди устувор» конфронси дуюми байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Иштирокчиёни конфронс доир ба саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди ташаббусҳои ҷаҳонӣ оид ба ҳалли мушкилоти обу иқлим, таҳкими ҳамкории байналмилалии илмӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист ибрози андеша намуданд.
Иброз гардид, ки ташаббусҳои байналмилалии Сарвари давлати Тоҷикистон дар самти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зист барои ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ аҳамияти бузург доранд. Ин пешниҳодҳо дар арсаи байналмилалӣ ба таҳкими ҳамкории давлатҳо, ҳалли мушкилоти экологӣ, таъмини амнияти обӣ ва расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат менамоянд.
«Аз ин рӯ густариши таҳқиқоти илмӣ, татбиқи технологияҳои муосири экологӣ ва истифодаи дастовардҳои илму инноватсия дар самти идоракунии захираҳои табиӣ муҳим мебошад»,–гуфта шуд зимни конфронс.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии илмӣ-амалӣ дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» баргузор гардида, ба таҳлилу баррасии ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои обу иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини рушди устувор равона карда шудааст.
АКС: Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Source: Khovar News Agency · khovar.tj






